Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

Одамон олави сар дода, оилаи онҳоро вайрон кардааст.

Сайфӣ Махдум аксари вақтҳо дар болохона менишаст, ки аз он ҷо ҳавлии ҳамсояҳо бемалол намудор буд. Эшон, ба гуфти худаш, аз ҳамон ҷо истода чашмони носерами худро об медод.

Рӯзе аз рӯзҳо ҳамсояи ӯ Мансур тӯй кард ва арӯси худ Ҷамиларо, ки аз ҷиҳати ҳусн ягонаи даврон буд, ба хонааш овард. Зиндагии онҳо хушу хурсандона мегузашт. Ҳангоме ки шавҳараш ба кор мерафт, Ҷамила ба рӯи ҳавлӣ баромада машғули корубори хона мешуд, меруфт, меғундошт хӯрок мепухт ва ҳоказо.

Эшони Сайфӣ ҳусну ҷамоли Ҷамиларо дида, ошиқи беқарор шуд. Вай ҳамеша аз рӯи ҳавлӣ чашм намеканд ва интизори баромадани наварӯс мешуд. Эшони бадаъмол шабу рӯз нақшаи чӣ гуна ба даст даровардани Ҷамиларо мекашид.

Рӯзе эшон ӯро дар рӯи ҳавлӣ дида, сурфаи сахте кард. Вақте ки Ҷамила ба тарафи ӯ назаре андохт, эшон бо ишораи ангушт «ҳушт» гуфт. Ҷавонзан ҳеҷ чиз нафаҳмид ва ба хона даромада рафт. Дар рӯзи дуюм, сеюм ин ҳодиса якчандборӣ такрор шуда, арӯси нав ба ҳайрат афтод ва бегоҳирӯзӣ, ҳангоме ки шавҳараш аз кор баргашт, сурати воқеаро як ба як баён кард.

— Қорат набошад, — гуфт шавҳараш, — бори дигар эшон ҳамин қилиқашро такрор кунад, ту ҳам бо ишораи ангушт «ҳушт» бигӯ ва ҳаракатҳои ӯро натарсида такрор кун.

— Вой ман мурам, — гуфт Ҷамила, — эшон ба хона лӯппасзанон биёяд, ман чӣ кор мекунам?

— Қорат набошад. Маслиҳат ҳамин, ки эшонро ба гап гир.

пешина
аз 144
навбатӣ