Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

— Не, не, метарсам.
— Ҳеҷ гап не, ҷасурона амал кун.
Зану шавҳар боз хеле муддат дар ин хусус гап-гап карданд. Рӯз равшан шуд. Шавҳар либосро пӯшид. Келинчак ба рӯи ҳавлӣ баромада дид, ки эшон аз ӯ чашм наканда, монандӣ гурбае, ки муш мепояд, интизор нишастааст. Эшон Ҷамиларо дида «хушт» гуфт. Ҷамила ҳам «хушт» гуфт ва бо имову ишора эшонро ба хона таклиф намуд. Эшон мисли он ки ҳамёни зар ёфтааст, ҷаста аз ҷой хесту «аҳ-ӯҳ» гӯён поён фаромад ва аз тарафи кӯча «бисмиллоҳ» гӯён ба ҳавлӣ қадам гузошт.

— Ассалому алайкум, — гуфт эшон даромада замон, — маликаи хубон, нодираи даврон.
— Ассалом, эшонпоччо, марҳамат, — садои маҳини занонае шунида шуд.

— Ҳамин шаб муаккалҳоям ба ман башорате расонданд, ки ба ҳавлии шумо аз осмон лашкари деву париҳо ҳуҷум меовардаанд. Шумо танҳо ба шарофати қудум ва дуои ман метавонед аз балои ногаҳонӣ наҷот ёбед.

— Илоҳӣ, баракат ёбед, эшонпоччо, моро аз ин бало наҷот диҳед.

Эшон гӯё ки заҳр мекарда бошад, сохтакорона «ҳа-бабу хубубу» гӯён фарёд кашид ва худро ба девонагӣ андохт.
— Ҳозир ҳамаи онҳоро банду баст ва мусаххар месозам. Эй деву париҳо, ҷину аҷинаҳо, дар куҷое, ки бошед, хоҳ дар таги дарахти санҷид, хоҳ дар даруни либосҳои чиғда-чиғда, хоҳ дар роҳ, хоҳ дар долон, дар таҳхонаву болохона, хоҳ дар даруни ҳарфи коф ва хоҳ дар пушти кӯҳи Қоф — дафъ шавед!

пешина
аз 144
навбатӣ