Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

Миралӣ розӣ нашуда, ба назди раиси Совети қишлоқ рафт. Аз он ҷо ҳам муроди ӯ ҳосил нашуд.
— Ман корро ба суд медиҳам, то ки ҳақ дар ҷояш қарор ёбад! — фарёд зад Миралӣ.

Зану шавҳар ба назди суд рафтанд. Мушфиқӣ, ки он вақт судья интихоб шуда буд, ба мурофиаи кор шурӯъ намуд. Даъвои ҳар ду тарафро бо диққат шуниду ба занак гуфт:
— Пулро ба ман диҳед.

Занак пулро ба Мушфиқӣ дод. Мушфиқӣ пулро гирифта, ба Миралӣ савол дод:
— Ҳар боре ки занатон «ӯҳ» гӯён каланд мезад, шумо ҳам «ӯҳ» гӯён садо мебаровардед, оё ҳамин сухан рост аст?

— Рост, тақсирам, — гуфт Миралӣ.
— Маълум мешавад, ки занатон дар вақти кор фақат садои «ӯҳ» гуфтани шуморо шунидааст?
— Бале, тақсирам.
— Ин тавр бошад, бо диққат гӯш кунед.

Мушфиқӣ инро гуфту пулро се бор ба ҳаво партофт ва ҳар боре ки пул тӯппосзанон ба замин меафтод, аз Миралӣ «садояшро шунидед?» гӯён мепурсид ва баъди гирифтани аломати тасдиқ, ба ӯ гуфт:
— Шумо ба ҳаққатон расидед, акнун аробаатонро ҳай кунед. Занатон ҳам дар саҳро фақат садои «ӯҳ»-гӯии шуморо шунидааст. Ба ивази ин хизмат шунидани садои ба замин афтодани пул кифоя!

Миралӣ гардани хорхорон баромада рафт.

пешина
аз 144
навбатӣ