Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

КУ-КУ

Аз пеши дарвозаи калони дутабақае гузашта истода будам. Манзарае маро водор намуд, ки ҳарчанд корам зарур бошад ҳам, андаке истам: дар таки дарвоза як писарбачаи 5—6-солаи хушрӯй ва як духтарчаи 7—8-солаи ҷингиламӯй гирья карда менишастанд. Духтарча оби дидаи шашқатори писарбачаро бо остини худ меҳрубонона пок карда, дар ҳолате ки аз чашмони худаш беихтиёр донаҳои сиришк ҷорӣ мешуд, ба додараш тасаллӣ медод:
— Гирья накун, Анварҷон, пагоҳ ба пеши очаат мебарам.

Писарча ҳамчунон фиқ-фиқ гирья мекард ва вазнин-вазнин нафас мекашид. Ба ҳоли онҳо раҳмам омада, пурсидам:
— Кӣ зад? Барои чӣ гирья мекунед?
— Ҳеҷ кас, — ҷавоб дод духтарча ва аз зери бағали Анварҷон гирифт.

пешина
аз 144
навбатӣ