Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
— Ҳеҷ кас назада бошад, барои чӣ гирья мекунед? — исроркорона пурсидам.
Духтарча, аз афти кор, ҳис кард, ки то ба саволи ман ҷавоби қаноатбахш надиҳад, аз ман халос намехӯрад, як оҳ кашиду гуфт:
— Дадом боз очаи нав оварданд.
— Очаи нав? Очаи худатон куҷо шуд.
— Зада пеш карданд!
Духтарча инро гуфту боз ба гирья даромад ва алами навакак пасандашудаи додарчааш Анварҷонро тоза кард ва ҳар ду хунг-ҳунг гирья карданд.
Ман бехабар мондаам, ки дар ин лаҳза дар атрофи мо се-чор нафари дигар ҷамъ омада, гуфтугӯи моро гӯш мекунанд. Дар ин вақт аз дарвозаи ҳамшафат як марди миёнақади гандумгун баромада, баъди аз воқеа хабардор шудан ба ман наздик омада, сар ҷунбонида салом карду гуфт:
— Ҳоли ин бачаҳо аз аввал ҳамин аст!
Ман таги масъаларо фаҳмиданӣ шуда, савол кардам:
— Чӣ хел падар, ки фарзандони дилбанди худро ба ин аҳвол партофта мемондааст! Наход ҳисси инсонии худро гум карда бошад?
— Эй, аҷаб одами содда будаед, — гуфт он мард ва аз дасти ман гирифта роҳро ишора кард ва фаҳмонданӣ шуд, ки ин ҷо истодан фоидае надорад ва роҳравон асрори ин воқеаро фаҳмонда медиҳад. Ман ҳам розӣ шудам ва аз киса се-чорто конфетро гирифта ба дасти он бачаҳо додам.
Мо ба роҳ даромадем. Он мардаки миёнақад, ки дар рафти сӯҳбат Аминҷон будани номаш ва муаллим будани касбаш маълум шуд, бо сӯзу гудоз ба нақл шурӯъ кард:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё