Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
Дар омаду наомади кор... Ана, агар лозим бинанд, ҳозир бо мову шумо.
— Якта гап задед-дия ҷӯра,— гуфт ошнои бодапарастам дар ҷавоб ва илова кард.— Кошки ҳозир ҳар сеямон ба ягон гӯша рафта барои ҳамин суханҳои пурҳикмат садта-садта менӯшидем.
Ман дарҳол таксӣ ҷеғ задам ва ҳар сеямон ба хона рафтем. Баъди обу ош сӯҳбат кардем. Ба ӯ чунон бисёр насиҳат додем, ки аз гап шунидан қариб варам карда, ваъда дод, ки имрӯзу пагоҳ намеnӯшаду дигар ба даҳон намегирад.
Мо бо ӯ хайру хуш кардем ва бо ҳамин ӯро тақрибан як моҳи дароз надидем.
Рӯзе аз рӯзҳо аз назди фонтани боғи шаҳрӣ гузашта мерафтам, дидам, ки ошнои ман он ҷо маъюс нишастааст.
— Ҳа, ошно, боз садта-садта шуда меистад?
— Не, аз баҳраш гузаштам. Аммо аз чор тараф хала карда, намемонанд, ки тинҷ гардам. Аз як тараф, ҷӯраҳои майзада ба ҷонам расонанд, аз тарафи дигар, радиою ҳофизон ба қитиқам мерасанд. Агар ба ҷои ман шумо бошед ҳам, ба ин кӯи бад гирифтор шуда мемондед.
— Ҳӯш, боз чӣ шуд?
— Ана ман гӯяму шумо шунавед: қариб ҳар рӯз аз газета дар бораи зарари маю арақ мақолаҳо хонда, аз нав қасам ёд мекунам, ки дигар арақро ба даҳон нагирам. Дар ҳамин асно якбора радио ашӯла сар мекунад ва таърифи маю соқиро оғоз менамояд. Ана имрӯз ҳам чунин аҳвол такрор шуд. Намедонам овози кадом ҳофизи хушхон буд. Ба ҳар ҳол, авзоам дигаргун шуд. Ба ёдам боз ҳамон шишаю соғар ва маю майхона омад. Ба як ҳолате ба берун баромада аз кӯчаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё