Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
Калони марказӣ гузаштам. Дар ин ҷо ғайр аз чор-панҷ гастроном боз панҷ дӯкони арақу винофурӯшӣ ҳаст. Дӯконҳо чунон оро дода шуда буданд, ки шишаҳои рангоранг гӯё аз гиребони кас дошта, ба дӯкон кашола мекарданд. Чашмамро пӯшида бо як азобе аз он ҷо гузашта, ба сӯи боғи шаҳрӣ равона шудам. Дар ин ҷо бӯи арақу шароб димоғамро қариб торс кафонда буд. Худ ба худ гуфтам: ё шароб истад, ё ман!
Ба чойхона омадам. Ҳамин ки соат ба ду расид, радио ба консерти рӯзи истироҳатии худ шурӯъ намуд. Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, концерт аз ситоиши бодаю паймона сар шуд ва бо маю соқӣ ба охир расид. Хулоса гап ҳамин: ба концерт дароед, радио шунавед, китоби баъзе шоиронро хонед, фақат як садо мебарояд, ки он ҳам маю соқӣ. Намедонам, чӣ кор кунам? Газетаю журналҳо ба сӯи шаробхӯрон санги маломат партоянд, санъаткорон ба шаробу шаробхӯрӣ даъват мекунанд. Кас намедонад, ки ба кадоми онҳо гӯш кунад.
Сухан ба ин ҷо расида буд, ки якбора садои радио баланд шуд. Диктор дар бораи зарари мастӣ хеле сухан ронд, сонӣ ҳофиз таронае оғоз кард. Дар ҳақиқат ҳофизи хушхон боз ҳамон суруди қимобшудаи ошноямро тараннум кард...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё