Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

Аз ин андешаҳо мӯйҳои сари Умарҷон рост хест ва хост, ки рост ба назди калонони корхонаҳои саноатӣ рафта, шикоят кунад ва дарди дилашро кафонад. Лекин дар сари роҳ ҷӯраҳояш ӯро нигоҳ дошта гуфтанд, ки эй мардаки содда, беҳуда худро овора карда нагард. Худи онҳо ин аҳволро аз ту нағзтар медонанд. Вале бо ин майда-ҷуйдаҳо овора шуда гаштанро ба худ ор медонанд. Агар пурсӣ «Парво ҳам накунеду бепарво ҳам нашавед!» мегӯянду бағалатро бо чормағзи пуч пур мекунанд.

пешина
аз 144
навбатӣ