Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

— Ҳайрон нашавед, — ӯро боз тасаллӣ доданд. — «Зарур бошад — раво бошад» гуфтаанд. Аз куҷое ки бошад, меоварем-дия.

Маълум шуд, ки ин молҳои зарурие, ки корхонаҳои шаҳри худамон бемалол истеҳсол карда метавонанд, дар натиҷаи холапасфардогии роҳбарони артелҳои ҳунармандӣ ва муассисаҳои саноати маҳаллӣ истеҳсол намешудаанд. Онҳо «сари беғурбатамонро ба ғурбат монда мегардем-мӣ, бодинҷон арзону харҷако дорад» — гӯён дасташонро ба оби хунук намезадаанд.

Дар идораи савдои молҳои саноатии шаҳр ба Умарҷон маслиҳат доданд, ки илоҷе карда, дандон ба дандон монда гардад, ягон рӯз ба сари коркунони савдо офтоб баромада, аз Шарқи Дур қашав меояду аз Боку сурмадон, аз Одесса сарпӯши дегу аз Тошкент тасмачаи соат.

Умарҷон ба дилаш оби хунук зада, ба кӯча баромад ва бо як ҷӯрааш маслиҳат кард. Вай бо тамасхур гуфт:

— Аҷаб одами содда будаед. Наход барои ҳамин ҳам беҳуда дилатонро хун карда гардед. Ба таксӣ савор шаведу як сари қадам ба бозор равед, дар як лаҳза мушкилатон осон мешавад.

Умарҷон фориғи ҳамаи ин моҷаро τӯппиро ба замин монда дурустакак фикр кард: республикаи мо на фақат рӯз ба рӯз, балки соат ба соат тараққӣ мекунад. Маҳсулоти гуногуне ки саноати мо мебароварад, ҳадду ҳисоб надорад. Шоҳию атласи мо, либосу пойафзоли фабрикаҳоямон, консервҳои сершабати моро дида оби даҳони кас меравад. Аммо дар корхонаҳои саноати маҳаллӣ ва артелҳои ҳунармандӣ баъзе роҳбарони ношуд нишастаанд, ки онҳо на оташи сӯзонанду на оби сард.

пешина
аз 144
навбатӣ