Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

Ҳам баъди фикри дуру дарозе ба рӯи коғаз ким-чиҳо навишта баъд гуфтааст:
— Скхмбвмобтквхгбтхвнкгч.
— Ин чӣ хел ном, ки ба гуфтани он забони кас намегардад.
— «Номи баланд беҳ аз боми баланд» гуфтаанд. Номи ман мондагӣ айнан ҳамин хел: аз ҳар калимаи номи ташкилоти мо як ҳарфӣ гирифта шудааст.
— Яъне?
— Агар пурра гӯем: Саруправленияи корҳои хоҷагӣ-маъмурии байнирайонӣ ва минтақавии оид ба тайёр кардан ва хоста гирифтани барги тути хасак ва нест кардани гунҷишкҳои ҷойдорӣ. Ана фаҳмидед? Оқилон пайрави нуқат нараванд.
— Эй намуред. Ана ин фикри олиҷаноб.
Ба ҳамин тариқ, бо ин номи дабдабанок лавҳаи калоне ҳам навишта мондаанд.
Аммо чӣ шудааст, чӣ нашудаасту ба савлати роҳбарони он кайк лагад зада, кадом як нотавонбин аз марказ истода амр додааст, ки ба ин идораи номгум ин қадар одам чӣ лозим. Ҳамаи одамҳои зиёдатӣ, ки аз бекорӣ тамоми рӯз машғули пашшадорӣ мебошанд, аз кор холӣ карда шуда, худи идора барҳам дода шавад.
— Чӣ бояд кард? — Ана ин савол дар назди роҳбарони ин идораи бесару нӯг кӯндаланг истодааст.
Худи сардори идора Миртулфоров илоҷи воқеаро ёфтааст. Кор ба ҳамин анҷомидааст, ки аввали ду нафареро, ки ба қаровулӣ қабул карда буданд, аз кор озод намуда, бо ҳамин шиори кам кардани штатро дусад процент ба ҷо овардаанд. Нома тамом, вассалом.
Аз ин ҳикоят ҳайрати ман афзуда, ба тамошобиноне ки дар паҳлӯям нишаста буданд, муроҷиат карда, онҳоро ба таассуроти худ шарик кардани шудам.

пешина
аз 144
навбатӣ