Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҲикояҶомеа
Аз аввал хондан

— Дидед, дар дунё чӣ гапҳои обнорасида ҳаст.
Қасе ки дар тарафи ростам нишаста буд, ба ин ҳатто парвое накарда, ба ман гуфт:
— Ин ҳоло ҳеҷ гап не. Шумо ба ноҳияи мо омада, аз ҳоли идораи мо хабар гиред.
— Хӯш, ба ҳоли шумо чӣ шудааст? — пурсидам.
— Дар худи шаҳр бист-сӣ автобаза ҳаст, ки директор, ҷонишин, инженер, механик, мутахассисони сершумор, коркунони гуногункасб, асбобу ускунаи бисёре дошта, харҷи маъмурии ҳар яке онҳо аз 300 ҳазор сӯм кам нест, ва ҳол он ки коркунони ҳар кадоми онҳоро бемалол 55—60 нафар кам кардан мумкин аст.

Дар айни сӯҳбати мо танаффӯс эълон шуда, ҳама ба берун баромаданд. Мо ҳам аз ҷо хестем. Тамошобинон, ки таассуроташон аз тамошо ҳанӯз тару тоза буд, танҳо дар бораи суханҳои аз саҳна ҳозиракак шунидаашон сӯҳбат мекарданд.
— Дар ҳақиқат суханҳои ҳақ, — гуфт касе, — ин гуна обмӯриеро, ки аз боғ калон аст, дар ҳар ҷо дидан мумкин аст.
— Рост мегӯед, — сухани ӯро тасдиқ намуд шахси дигар. — Дар ноҳияи мо ду совхози як везарат ҳаст, ки заминашон, обашон ва корашон як хел буда, ба яке № 5 ном додаанду ба дигаре ниҳолхонаи тутпарварӣ. Дар ҳар кадоми онҳо даҳҳо одамон муфт маош мегиранд.

Аз ҳамин қабил дар ноҳияи мо ду совхози тутпарварӣ ҳаст. Намедонам, ба ҷои як совхоз ташкил кардани ду ё се совхозу идора ба газаки кӣ даво бошад.
Занг зада шуду гашта ба толор даромадем. Тамошо аз нав сар шуд. Лекин хаёли ман ва бисёри тамошобинҳои дигар ҳанӯз ба он ҳикоя банд буд. Хайрият, эълон

пешина
аз 144
навбатӣ