Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
Дар истеҳсолоти колхозӣ таъмин карданд. Меҳнатдӯстон саршумори хурӯсҳои нар ва мокиёнҳои модаро зиёд карда, маишати зимистонгузаронии ҳайвоноти ҳамаи чорвопарварии фермаи шоҳдорро ба амал гузаронда, дар бобати ба амал таъмудани ҳосилнокии маҳсулоти онро серҳосил карданд. Говҷӯшзанҳои мард ба барзаговҳои нару мода нигоҳубинро беҳтар намуда, ба сермаҳсулии ҳар як барзагови нари калони як ва душохдор ва танаи сершири маҳсулдор камар баста, дар бобати бордоркунии сунъии фермаи чорвориро сермаҳсул карда, дар бобати ба амал гузарондани сермаҳсулии ҳосилоти ҳамаи саршумори чорво чорабиниҳои калон карданд».
Ин мухбири качкулоҳ аз Хорпуштак илтимос кардааст, ки ашулаи маҳсулоти истеҳсоли сермаҳсулро шунавонда, дар бобати ба амал гузарондани димоғҷокӣ ашулаҳои навро ба амал гузаронем. Вале Хорпуштак лозим донист, ки бо байти зерин ҳосилнокии маҳсулоти ҷоғи сермаҳсули он кас як байти обдорро ба амал гузаронад:
Ту барин мухбири доно ба сари пушта равӣ, Мурдаҳо хезанду як муштӣ зананд, мурда равӣ!
Дар урфият «Давои қурут оби ҷӯш» мегӯянд, ки ҳақ асту рост. Мисли ҳамин давои камбудӣ ва нуқсонҳои бесару нӯги мо танқиди ҳаққонӣ мебошад. Танқид ба мо мисли обу ҳаво зарур аст. Танқид гунгро гӯё, карро шунаво, кӯрро бино мекунад. Танқид роҳи качро дуруст менамояд, одамро ба инсоф меоварад, ба ҳар ҷароҳат даво мешавад. Бинобар ҳамин ба зарбулмасали «ба назди табиб марав, ба назди қорафтода рав» амал карда, рост ба пеши Хорпуштаки қорафтода биёеду «Танқидномаи» ӯро шунавед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё