Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
КОНФЕРЕНЦИЯИ МАТБУОТ
Дар ин наздикиҳо Хорпуштак конференсияи матбуот гузаронид. Дар минбар намоён шудани Хорпуштак боиси чапакзаниҳои пурғулғула ва погузориҳои гӯшкаркунанда шуд. Хорпуштак ҳозиронро ба муносибати иди лашкарони қалам — Рӯзи матбуот самимона муборакбод намуд. Баъд аз сарсухани мисли рӯдаи уштур дароз нотиқ саволборон шуд.
Савол. Номат, номи падарат чист?
Ҷавоб. Номам Хорпуштак, исми шарифи ҳазрати қиблагоҳам Крокодили овозадор мебошад. Ман дар соли 1953 дар шаҳри Душанбе дар оилаи матбуоти ҳақгӯи советӣ ба дунё қадам гузошта, ба набаромадани ҷиллаам нигоҳ накарда ба шикори ҳашароти зараррасон шурӯъ намудам.
Савол. Дар оилаат боз чанд нафар додару бародар дорӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё