Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

Абраю астари ононеро, ки чун лой оби ба толоб рехта ҳама ҷойро меолонанд, чаппаву роста мекунанд. Ман бо ёрмандии онҳо қалами худро бо қайроқи танқид ва худтанқидкунӣ тез карда, ба чашми одамони мор-ҳислат халондам.

Нависандаҳои маъруф, шоирони забардасти нештар-забон Абдусалом Деҳотӣ, Муҳиддин Аминзода, Мирсаид Миршакар, Раҳим Ҷалил, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Боқӣ Раҳимзода ва як қатори дигар саҳифаҳои журналро бо ҳаҷви обу тобдори худ обод мекунанд, рассомон ороиши рӯю мӯй ва лабу лунҷи каминаро ба зимма гирифтаанд. Онҳо башараҳои қачалаку буҷулук, пачаку пучуқ, найчагулӯи тағорашикамро чунон боб карда мекашанд, ки биёеду тамошо кунед.

Савол. Бо хешу таборонат ва ҳазрати қиблагоҳи Крокодил рафту омад дорӣ?

Ҷавоб. Бале. Мо доимо ба якдигар дуои салом навишта меистем. Чизҳои таърифии ӯру дӯстонро ба диққати хонандагони нуктасанҷи ҳаҷвдӯст мерасонем. Падари меҳрубон Крокодил зуд-зуд ҳолпурсӣ намуда, гоҳ-гоҳ ба меҳмонӣ чеғ мезананд ва маслиҳатҳои падарона медиҳанд.

Савол. Дар маҳалҳо мухбир дорӣ?

Ҷавоб. Оре. Ҳар як меҳнаткаш метавонад ба ман аз нуқсону иллатҳое, ки ба пешравии халқамон халал мерасонад, арзу муддаои худро нависад, ман бошам, имкон ёбам, ба воситаи журнал, имкон наёбам, онро ба воситаи мактуб ба диққати идораҳои дахлдор мерасонам, то ки илоҷи воқеа қабл аз вуқӯъ карда шавад.

Савол. Мухбирони журналро чӣ хел шинохтан мумкин аст?

пешина
аз 144
навбатӣ