Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

— Магар малоикаҳо забони русиро медонанд?
— Медонанд, аз Гагарин ва Титов омӯхтаанд.
— Николаев чувошу Попович украинӣ мегӯянд-ку?
— Ана барои ҳамин бошандагони коинот ҳоло бо луғат забонҳои чувошиву украиниро омӯхта истодаанд.
— Сабр кунед, он рӯз дур нест, ки онҳо ба омӯхтани забонҳои белорусӣ, озарбойҷонӣ, латишӣ, ӯзбекӣ, арманӣ, тоҷикӣ ва ғайра гузаранд.
— Кирдорамон ҳамин бошад, дар болои Моҳ моро одамони советӣ муқобил мегиранд ва ба мо чиртак мепарронанд.

Дар кӯчаҳои Вашингтон, Нью-Йорк, Лондон, Париж ва ғайра аз ҳаёҳӯй ва фарёди одамон, садои машинаҳо сари кас чун чарх мегашт. Дар ҳама ҷо ғайр аз гапи коинот, «Шарқ-3»-«Шарқ-4» дигар чизе шунида намешуд.

Чашми Оинаи ҷаҳоннамо боз ба коинот равона мешавад. Фотеҳони коинот Николаев ва Попович парвози худро давом медиҳанд. Аз даруни киштиҳо садои чақ-чақ, хандаву шӯхӣ ва суруду таронаҳои дилчасп ба гӯш мерасад.

— Андрюша! Бубин, ҳодисаи аҷиб: дар мо рӯзу дар онҳо шаби торик.
— Монанди дилашон-дия. Ҳар кас мувофиқи дилу нияташ меёбад.

Дар ин асно аз ҳамаи гӯшаву канори дунё садои табрик ва ғулғулаи шодиву хурсандӣ баланд шуда, ба фалак мепеҷад.
— Офарин, ба Николаев ва Попович! — аз шарқ садо меояд.
— Аҳсанта! Ҳазорон ҳасанот! — аз мамлакатҳои араб шунида мешавад.

пешина
аз 144
навбатӣ