Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
Соат ба 22 расид. Соли кӯҳнаи 1953, чун пири нуронӣ дар рӯи тахт нишаста, бо ифтихори зиёд ба гирду пеш назар меандохт ва бо ангуштонаш риши барф-осои худро шона мекард ва дар ғами баробар кардани охирин ҳисобу китоби худ буд.
— Эй бобо, — гуфт Хорпуштак ба пеши ӯ омада, — аз соли нав радиограмма гирифтем, ки бо ҳавопаймо омада истодааст. Дар аэродром ҳамаи тайёриҳоро дида мондаем, одамон ба он тараф рафтанд, мусиқачиҳо низ равон шуданд, нағз мешуд, ки шумо ҳамроҳи мо мерафтеду иззату икроми ӯро ба ҷо меовардем.
— Хуб шудааст, ҷони бобо, рафтем, — гуфт мӯйсафед ва бо машинаи «Победа» ба сӯи аэропорт раҳсипор шуд.
Дар ин дам Хорпуштакро ба телефон даъват карданд. Вай ба сӯи аппарат давид ва гӯшаки телефонро бардошт.
— Алло, Хорпуштакҷон-мӣ? — шунида шуд.
— Ҳа, шумо кӣ?
— Ман ошнои кӯҳнаи шумо, Тӯраҷон, наход дар ҳамин хел рӯзи муборак маро аз хотир бароред-а! Медонед, ман кӣ?
— Медонам, медонам... Лекин илоҷ надорам. Рости гап, шумо муносиби меҳмонҳои ман нестед. Бинобар ин наметавонам, фаҳмидед, наметавонам...
— Аз болои шумо арз мекунам!
— Ихтиёратон. Ҳар чизе ки аз дастатон ояд, кунед.
Аз афти кор, Тӯраҷон тӯққос занонда гӯшаки телефонро гузошт, ки аппарат курт-курт кард. Боз садои шиддатнок шунида шуд:
— Чиринг-чиринг...
— Ҳа, кӣ мепурсад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё