Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
— Тӯҳмат!.. Ҳақорат!.. Ман шикоят мекунам! Таърифхоҷа Лаққибоев, Фоизбой Парасонхоҷаев, Ҳудхудбин Ман-манзода, Кафкирбег Хушомадхоҷаеви Лаганбардор, Моир Моирӣ, Илочнома Акталиев, — ҳама паси ҳам телефон карданд. Лавандҳо, ошнобозҳо, танбалу коргурезҳо, даҳаньялаҳо, дурӯяю серӯяҳо Хорпуштакро ба телефон ҷеғ зада, тамоман гаранг карданд. Онҳо ба ҷону ҳоли вай намонда, талаб мекарданд, дӯғ мезаданд, таваллою зорӣ менамуданд, то ки ба базми имшаба нӯли худро халонанд. Хорпуштак низ ба ҳар кадоми онҳо ҷавоби саҳеҳ дода, мегуфт: «кадом вақте ки худро ислоҳ кунед, ба қатори одам дароед, марҳамат, мо шуморо бо ду дасти адаб пешвоз мегирем...»
Соат ба дувоздаҳ наздик шуд. Хорпуштак саросема давида омад, ки дар меҳмонхонаи васеъ меҳмонҳо ҷамъ омада, рақсу бозӣ ва таронахонӣ мекарданд. Аммо як тӯда одамон дар таги зина гирд омада, мехостанд, ки коре карда ба зал дароянд.
Хорпуштак ба ғазаб қаламро найза сохта, ба онҳо ҳамла мекунам гуфта истода буд, ки садои мусиқаи тантанавӣ баланд шуду ҷавони барнои хушқаду қомате даромада омад. Барнописар ин манзараро дида, ба соат як нигоҳ карду ба Хорпуштак ишора намуд:
— Хайр, ман рафтам, дар он ҷо ҳама интизори ман, ана, бо инҳо ту машғул шав!
Супориши Соли навро гирифта, Хорпуштак боз далеронатар ба майдони корзор даромада, баъди фурсате сафи нобакоронро дарронд, ҳар кадоми онҳоро муносиби хизматаш гӯшмоле дод ва ба ибтидои маҷлис расида омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё