Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
Фазои кӯли Комсомол, аз хандаву суруди садҳо ҷавонписарон ва духтарон пур буд. Дар байни ҷавонҳо яке аз ғолибони мусобиқаҳои XVII олимпии Рим, завракрони моҳир Иброҳим Ҳасановро дидем, ки вай барои хизматҳои шоёни таҳсинаш бо ордени «Нишони Фахрӣ» сарфароз шудааст. Ҷӯраҳои вай мегӯянд: «Иброҳимҷон ҳанӯз ҷавон аст. Вай ғайрати калон дорад, ки ба қуллаҳои баланди спорт барояд».
Мо ба чойхонаи «Роҳат» омадем. Ин манзили дилрабо барои пирони бадавлат сохта шудааст.
Дар айни авҷи сӯҳбат марди тахминан 63-солае омад, салому алейк карда, дар паҳлӯи мо нишаст ва аз бағалаш якчанд даъватномаро бароварда ба мо дод.
— Имрӯз ба хонаи мо, ба тӯй марҳамат.
— Ба илтифотатон ташаккур. Хайрият моро фаромӯш накардаед. Албатта меоем.
— Хӯш-е, хӯш-е, суханатонро дониста гӯед, — гуфт мард, ки аз калимаи «фаромӯш» қимоб буд.
Ин пири хандонрӯ ҳофизи халқӣ Акашариф Ҷӯраев буд. Вай узри худро гуфту хайру маъзур карда рафт. Даъватномаро гирифта хондем: «Хоҳишмандем, ки имрӯз соати 7 бегоҳӣ бо ҳамроҳии оилаатон ба тӯи арӯсии фарзандони мо Дарвозӣ ва Зайнабҷон ташриф фармоед».
— Писараш чикора будааст?
— Дорулфунуни давлатиро имсол тамом карда, ба хизмат даромадааст.
Бегоҳирӯзӣ мо ба тӯй омадем. Тӯйхона бо сӯзаниву қолинҳо оро дода шуда, чароғҳои электр ҳама ҷойро мунаввар менамуданд. Чангу тор, карнаю сурнай, дафу ной чунон баланд садо медоданд, ки гӯши фалак кар мешуд. Ракқосу раққосаҳо гир-гир чарх мезаданд, мутрибон нағмасарой менамуданд. Беҳтарин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё