Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

Баъди ин мо ба якчанд рафиқони дигар дар сари кор, дар идораашон вохӯрдем. Ба саволи мо шоири маъруфи тоҷик Суҳайлӣ Ҷавҳаризода чунин ҷавоб дод:

— Дар қатори дигар адибон ман ҳам ба Даҳанаи адабиёти рус, ки дар Тоҷикистон дар моҳи октябр мешавад, тайёрӣ дида истодаам. Ман чанд шеъри Сергей Михалковро тарҷума кардам. Хусусан «Харгӯши бадмаст» ном масали вай ба ман маъқул шуд. Шоирону нависандагони мо Боқӣ Раҳимзода, Муҳиддин Аминзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Муҳиддин Фарҳат ва дигарҳо низ машғули ин кори шарафноканд.

Ҷонишини раиси Президиуми ҷамъияти дӯстӣ ва алоқаи маданӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ Ҳикматулло Раҳматуллоев ба назди мо хушхабаре овард. Вай нақл кард, ки аз Чехословакия расмҳои дар Тоҷикистон кашидаи рассоми машҳури чех Ржиги ҳозиракак омада расид. Мо ният дорем, ки барои ба халқ нишон додани онҳо намоишгоҳи махсус ташкил диҳем.

Мо барои хабари нав изҳори ташаккур намуда, ба кӯча баромадем, то ки воқеаҳои шудаистодаро бо чашми худ бинем.

Имрӯз дар ҳақиқат яке аз рӯзҳои муқаррарӣ буда, ягон воқеаи фавқулоддае рӯй надодааст. Офтоб бо саховат шӯълапошӣ мекунад. Фасли тобистон гузашта, тирамоҳи пурнеъмат расида бошад ҳам, кас серуниро ҳис намекунад. Дарахтон ҳамоно кабуду кабуд буда, сабза ва гулҳои боғу боғчаҳо чаман барин шукуфонанд.

— Биё ба кӯли Комсомол рафта, писарону духтаронеро, ки дар оби зулол оббозӣ, шиноварӣ, заврақронӣ мекунанд, тамошо мекунем, — таклиф намуд шарикам. Мо ба он тараф раҳсипор шудем.

пешина
аз 144
навбатӣ