Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
Табиат ғирромӣ карда, ба болои пахтазори шумо борону жолаи худро беинтиҳо рехту ташвиши шуморо зиёд кард: як кори шуморо даҳ кор кард. Рости гап, шумо қаҳрамонӣ нишон додед. Аммо, чунон шолӣ ки бе курмак намешавад, баъзе олуфтаҳои серпиёздоғи камнамак ҳам дар байни шумо ёфт мешаванд, ки доимо тағи тути бедонаро мекованд.
— Ин суханатон ҷон дорад, — гуфт як колхозчӣ.— Мо борону жоларо баҳона намекунем, чунки ҳозир вақти гап не, вақти кор аст. Дар тирамоҳ мо ба давлат борону жола не, балки пахта месупорем.
— Дӯст гиррёнда гап мезанаду душман хандонда. Бинобар он ба қитиқи баъзеҳо расем, аз мо гилаву ҷингила карда нагарданд.
— Марҳамат, гӯшамон ба шумо.
— Як қисми ниҳолҳо пак-пакана буда, ҳатто шона набастаанд. Аз раиси колхоз сабаби ҳанӯз шона набастани ниҳолҳоро пурсем, ӯ мӯйлабашро тоб дода мегӯяд:
— Ҷони акош, агар гап дар бораи шона бошад, аз магазин сад — дусадтоашро харида, ба зулфи ниҳолҳо мебандем-дия.
Ҳозирон аз ин сухани кадучадор ба ҳайрат афтоданд.
— Мо ҳақ надорем, ки ҳамаро аласабия айбдор кунем. Ана, аз рӯи инсоф гӯед: чаро пахтазори бригадаи Робиахон мисли наварӯс аз шоҳии кабӯд курта пӯшидаасту ба ҳоли пахтазори бригадаи Норбой ока маймунҳо гирья мекунанд? Ин гуна тамошои бепулро дар колхози ҳамсоя низ дидан мумкин аст. Ниҳолҳои пахтаи бригадаи Таваккалов чунон ношуд, ки алафро аз ниҳол фарқ кардан мушкил аст. Агар аз аъзоёни бригада, ки аз бекорӣ кадукорӣ гӯён ялло карда мегар-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё