Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

данд, «Чаро дар сояи алафҳои бегона кайф карда мехобед?» — гуфта пурсед, аз даҳон кафк пошонда мегӯянд: «Ҷони акош, мо дар бригадаи Таваккал ака аз рӯи мақоли «бахт аз таваккал» кор мекунем, то ки Таваккал ака ба таваккалчӣ будани мо ҳам боварӣ ҳосил кунад».

Дар колхози «Бӯстон» на фақат пахтаро, ҳатто кирмакҳоро ҳам ӯғай ҳисоб карда, ҳам аз тор ва ҳам аз пуди хӯроки он мезананд. Охир дар куҷо дида шудааст, ки ба кирмак рӯзе як бор хӯрок диҳанд? Дар ин ҷо кирмакҳо моҳи дароз ба ҷои барг чирки дандон мемаканд ва бе асо гашта наметавонанд. Мо аз раиси колхоз сабаби инро пурсидем, вай чунин ҷавоби муҷмал медиҳад:
— Дар ҳавои гарм хӯроки бисёр ба саломатӣ зарар дорад. Аз ҳамин сабаб кирмакҳои парҳезкори мо рӯза медоранд.
— Аҷаб кори ғалатии. Ин тавр бошад, чаро худи кирмакпарварони шикампарвари колхоз рӯзе 5—6 бор ҷиғилдонро пур мекунанд?

БАЧА ДАР САФАР, НОМАШ МУЗАФФАР

Дар аксари майдонҳо ниҳолҳо беҳол, ташналаб рангпарида, пажмурда мебошанд. Аммо баъзе полвонкачалҳо аз болои уштур истода алаф медараванд ва аз ҳосили фаровон пешакӣ лоф мезананд, ки ин аҳвол беихтиёр зарбулмасали «Бача дар сафар, номаш Музаффар»-ро ба хотир меоварад.

Аз колхози «Чинорак» дар бригадаи Бадалтағо
пахта мисли сари кал тунук: дар як гектар ба зӯр
40—50 ҳазор бех ниҳол шумурдан мумкин аст. Алафҳои бегона шабу рӯз бо ниҳолҳои беҳолу бемадори

пешина
аз 144
навбатӣ