Зеҳн
Хандаҳои шух

Ин китобча маҷмӯаи латифаҳои кӯтоҳу хандовар дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла муносибатҳои оилавӣ ва мактабӣ мебошад. Латифаҳо ба хонандагон лаҳзаҳои хушу фароғат мебахшанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 43 саҳифа

Латифа
Аз аввал хондан

ВАЗНИ ШЕЪР

Муаллим аз шогирде пурсид:
– Писар, ту бигӯ, ки кадом шоире буд, ки вазни шеърро риоя намекард?

Шогирд ҷавоб дод:
– Исмаш дар ёдам нест, вале ин қадар медонам, ки қабл аз ихтирои тарозу шеър мегуфтааст.

ҲАР ЧАНДСОЛА

Марде аз писари ҳамсояаш пурсид:
– Дасти падаратро чӣ шуд, ки докапеч кардааст?

Писар ҷавоб дод:
– Дасташро ба даҳони хар бурд, то дандонҳояшро бишумораду донад, ки чандсола аст.

Мард боз пурсид:
– Баъд чӣ шуд?
– Баъд хар даҳонашро пӯшонд ва хост бишуморад, ки падарам чанд ангушт дорад.

ҶОИ ШУКРАШ ХОЛИСТ

Модар кӯзаеро ба писараш дод, то ки аз чашма об оварад. Бача дар кӯча бо бачаҳои дигар вохӯрд. Кӯзаро ба каноре гузошт ва бо онҳо машғули бозӣ шуд. Наздики ғуруби офтоб бо кӯзаи холӣ ба хона баргашт. Модар пурсид:

пешина
аз 43
навбатӣ