Хандаҳои шух

Ин китобча маҷмӯаи латифаҳои кӯтоҳу хандовар дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла муносибатҳои оилавӣ ва мактабӣ мебошад. Латифаҳо ба хонандагон лаҳзаҳои хушу фароғат мебахшанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 43 саҳифа
Аҳмад гуфт:
– Ба даҳ қонеъ нагардид, агар чаҳор мегуфтам, ҳолам аз ин ҳам батар мешуд!
ИН ҲАМ АЗ МАРГ МЕТАРСАД
Шахсе чормағзи кӯракро бо санг мешикаст. Ногоҳ чормағз аз зери санг парид. Бачае, ки дар он ҷо нишаста буд, гуфт:
– Биллоҳ, ин ҳам аз марг метарсидааст.
ҶОИЗА
Падаре ба писараш гуфт:
– Ман туро гуфта будам, ки агар ҳамеша пианино навозӣ, бароят бист сӯм медиҳам. Чанд рӯз аст, ки пианино наменавозӣ. Чаро?
Писар:
– Падарҷон, ҳамсояамон гуфт: «Агар ту гузорӣ, ки мо шабона ором хобем, бароят чил сӯм медиҳам».
ПАНДИ ПАДАР
Марде писарашро насиҳат мекард, ки одоби суханрониро ёд гирад ва ҳангоми сӯҳбат алфози латифу зеборо истеъмол кунад.
Чунончи: ба ҷои «хӯрдам», «сарф кардам» гӯяд, ба ҷои «омад» «ташриф овард»...
Рӯзе бачааш гирёну нолон меомад ва аз биниаш хун мешорид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё