Зеҳн
Хандаҳои шух

Ин китобча маҷмӯаи латифаҳои кӯтоҳу хандовар дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла муносибатҳои оилавӣ ва мактабӣ мебошад. Латифаҳо ба хонандагон лаҳзаҳои хушу фароғат мебахшанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 43 саҳифа

Латифа
Аз аввал хондан

БАҲОНАИ БЕМАВРИД

Рӯзе амаки Салим писаронаш Аҳмаду Маҳмудро ба лат кардан даромад. Аҳмаду Маҳмуд аз кори падарашон ҳайрон шуда, пурсиданд:

  • Дада, барои чӣ моро мезанед?
    Падар:
  • Имрӯз ду бача ба оббозӣ рафта, ғарқ шудаанд, барои ҳамин шумоёнро мезанам.
    Аҳмаду Маҳмуд ҳайрон шуда гуфтанд:
  • Охир, мо ба оббозӣ нарафтаем-ку, барои чӣ моро мезанед?
    Падар чунин ҷавоб дод:
  • Агар шумоён ба оббозӣ рафта ғарқ мешудед, баъд ман киро мезадам?

ОФТОБ АЛАКАЙ БАРОМАДАСТ

  • Офтоб аз кадом тараф мебарояд? — пурсид муаллими ҷуғрофия аз Шӯҳрат.
  • Намедонам, вақте ки ман аз хоб мехезам, мебинам, ки офтоб алакай баромадааст.
пешина
аз 43
навбатӣ