Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Медарояд. Аммо рафта-рафта, баъд аз чанд рӯз ин духтар ҳам ба ҳамон хонаи чӯбини сари чорраҳа мерасад. Дар назди хона аспашро ба шохи дарахте баста, дарро тақ-тақ мезанад. Кампир аз дарун:

  • Кист? Ман бемор ҳастам, аз ҷоям хеста наметавонам, худат даромадан гир, - гуфта овоз медиҳад.

Духтар дарро кушода медарояд, салом медиҳад ба як тарафи хона нишаста, аҳволпурсӣ мекунад.

  • Ой писарам, напурс, - мегӯяд кампир, - ман хеле боз бемор шуда, дар болои ҳамин бистар хобидаам, каси нигоҳубин мекардагӣ надорам.

Духтар даррав ба хӯрчинаш даст андохта, аз тӯшаи барои сафар тайёр кардагиаш ба кампир медиҳад, кампир қадре ҳол гирифта, аз куҷо будан ва барои чӣ омадани ин бачаро пурсида мегираду баъд мегӯяд.

  • Эй писарам, аз ин ниятат гард, ба мақсад расиданат беҳад душвор аст, беҳуда нобуд мешавӣ.

Кампир дар бораи ҷои мерафтагии духтар чунон гапҳои даҳшатнок мегӯяд, ки ин духтар ҳам ба вахмафтода, аз роҳ гашта, ба хонаашон меояд ва ҳамин воқеаи аз сар гузаронидаашро ба падару хоҳаронаш нақл карда медиҳад.

Пирамард оҳи сард аз дили пурдард кашида мегӯяд:

  • Вой бар ҳоли касе, ки бе писар бошад!

Ин гапҳои падар ба духтари хурдиаш хеле сахт мерасад.

Рӯзи дигар вай ба назди пирамард меояду иҷозат пурсида:

  • Падарҷон, розӣ шавед, ман рафта ҳамон доруро ёфта мебиёрам! — мегӯяд.

  • Духтараки азизам, — мегӯяд падараш, — ман аз апаҳои калониат чӣ дидам, ки аз ту бинам, ту ҳам рафта гашта меоию беҳуда овора шуданат мемонад.

пешина
аз 135
навбатӣ