Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Духтари хурдӣ хеле зорию илтимос мекунад ва дар охир падараш розӣ мешавад. Духтар даррав либосҳои мардона пӯшида як хӯрчини калонро аз хӯрокворӣ пур карда, баромада меравад.

Рафта-рафта, баъд аз чанд шабу рӯз, вай ҳам ба хонаи кампири бемор мерасад. Аспашро ба шохи дарахте баста, дари хонаро так-так мезанад, ки кампир аз даруни хона мепурсад:

  • Кист? Ҳар кӣ бошӣ, худат дарро кушода даромадан гир! Ман беморам, аз ҷоям хеста наметавонам.

Духтар дарро кушода медарояд ва ба кампир саломи гарму ҷӯшон дода, даррав барои дасту рӯ шустани кампир об мебиёрад ва аз хӯроквориҳои овардагиаш кампирро нағз зиёфат мекунад.

  • Ҳа, писарам, ту аз куҷой ба куҷо меравӣ? - аз корҳои духтар хурсанд шуда, мепурсад кампир.

  • Ман аз як шаҳри дур омада истодаам, барои доруи чашм меравам!

Кампир як оҳ мекашаду ба ғазаб омада мегӯяд:

  • Эй писари нодон, магар ту намедонӣ, ки бисёр паҳлавонони дар ин роҳ сафар мекардагӣ зиндаю саломат ба ватанашон барнагаштаанд! Ту, ҷавони нозанин, ин корро адо карда наметавонӣ! Ё пеши ман исто ё ба хонаат баргард!

Духтар аз гапҳои кампир натарсида, далерона мегӯяд:

  • Эй модарҷон! Мард бояд ки ҳаросон нашавад, мушкиле нест, ки осон нашавад! Ман аз сафарам намегардам. Ҳар чӣ, ки ба сарам наояд, меравам!

Духтар хеста рафтанӣ мешавад.

  • Писарам, - мегӯяд кампир ӯро нигоҳ дошта, - ман мебинам, ки азми ту қатъӣ аст. Ба ту хеле мушкил ва хатарнок мешавад. Ман ба ту роҳи аз ин мушкилиҳо халос шуданро мегӯям. Агар ту гуфтаҳои маро иҷро кунӣ, ба мақсадат мерасӣ. Табиб
пешина
аз 135
навбатӣ