Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Гӯши худро ба замин молид. Ҳамин вақт занбӯрҳои дигар ба чашмони ӯ неш заданд.

Пилки чашмони фил варам кард, вай ҳеҷ чизро намедид, чанд вақт наҷунбида хобид. Баъд ташна монда, аз ҷой хест.

Ин замон қурбоққа хешу таборашро ҷамъ карда, ба лаби ҷарӣ рафтанд ва кур-куркунон ба хондан даромаданд. Фил ба гумони он, ки ин ҷо об ҳаст, ба ҷарӣ расид. Қариб ба ҷарӣ ғалтида буд, ки зоғ болои сараш парида омада гуфт:

  • Эй фил, қафо гард, ки ба ҷарӣ мегалтӣ.

Фил саросема қафо гашт. Қурбоққаҳо он тарафтар рафта, боз кур-кур карданд. Фил «об он ҷо будааст», гуфта, ба сӯи қурбоққаҳо равон шуду ба лаби ҷарӣ омада монд. Вай қариб ғалтида буд, ки зоғ болои сараш омада гуфт:

  • Эй фил, қафо гард, ки ба ҷарӣ мегалтӣ.

Фил саросема аз роҳаш гашт.
Ҳамин хел чанд бор фили ташнаро қурбоққаҳо ба назди ҷарӣ бурданду зоғ ӯро қафо гардонд.

Дафъаи охир фил ба сӯи ҷарӣ мерафт, ки варами пилқҳои чашмонаш қадре гашт, як чашмаш нимроғ кушода шуд. Дид, ки дар ҳақиқат, дар лаби ҷарӣ истодааст. Вай саросема қафо гашт. Ин лаҳза саъба рӯ ба рӯяш парвоз карда гуфт:

  • Фил, ту маро шинохтӣ?
  • Оё ту ҳамон саъба нестӣ, ки ман ба хонахароб шудану нобуд шудани бачагонат сабаб шудам? - пурсид фил.
  • Ҳа, ман ҳамон саъбаам. Акнун ту бигӯ, ки мағрури бузургию зӯрӣ шудан чӣ оқибате доштааст?
  • Оқибати талх, - гуфт фил ва илова кард, - ман дидаму донистам, ки хурдтаракон агар муттаҳид шаванду интиқом ҷӯянд, метавонанд бузургтарин ва зӯртаринҳоро мағлуб кунанд.
пешина
аз 135
навбатӣ