Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Ана аз ҳамон вақт ин тараф фил, бо вуҷуди аз бузургтарину зӯртарини ҷонварон будани худ, хушфеълу безарар шуд.

ГУРГИ НОДОН

Будааст, набудааст, як Гург будааст. Вай гушна мондаасту дара ба дараю саҳро ба саҳро гашта, дар ҳеҷ ҷо хӯрок наёфтааст. Ҳаробу беҳол шудааст, базӯр роҳ мерафтагӣ шудааст. Як рӯз ғамгину маҳзун рафта истода будааст, ки дар роҳ ба як Бузак вохӯрдааст.

  • Оҳ, Бузаки ҷонон! – гуфтааст Гург, - ман туро ёд кардам. ки ҳеҷ вақт, дар ҳеҷ ҷо ягон ҷонвари дигарро ин қадар ёд накардаам.

  • Аз ин гапҳоят маълум, ки ту маро хӯрдан мехоҳӣ, - гуфтааст Бузак, - аммо ба ту гуфтанам даркор, ки ҳозир гӯшти ман бемазза. Агар розӣ бошӣ, ин ҷо ист, хӯ ба он тарафи кӯҳ гузашта, зирая пиёз хӯрда меоям, гӯштам хеле бомазза мешавад, кайф карда мехӯрӣ!

Гург ба гапҳои Бузак бовар карда, розӣ шудааст. Бузак бошад, рафтаасту дигар гашта наомадааст.

Гург «барои чӣ наомад» гуфта, ба ақиби кӯҳ гузашта дидааст, ки дар он ҷо на пай ҳасту на асар. Гург пушаймон шуда гуфтааст:

Эй Гурги нолон,
Аҳмақу нодон.
Дидӣ, ки Бузак,
Бихӯр бомазак!

пешина
аз 135
навбатӣ