Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
Аммо хирс ба ӯ кордор нашуда, пурсид:
-
Эй мард, ман дидам, ки ту бо азоби зиёд ба ин ҷо баромада, заҳмат кашида, дарахтро афтонда майда кардӣ, ба ман гӯй, ки инро чӣ кор мекунӣ?
-
Ба бозор бароварда мефурӯшаму ба пулаш ину он гирифта, рӯз мегузаронам, - ҷавоб дод мард.
-
Ин тавр бошад, - гуфт хирс, - ту овора шуда, азоб кашида нагард. Ман бекор, ҳар рӯз як банд хезум тайёр карда, бурда дар поёни кӯҳ мемонам, омада гирифта рафтан гир.
Рӯзи дигар хезумкаш омад, ки хирс дар ҳақиқат дар ҷои гуфтагиаш як банди калон хезум тайёр карда мондааст. Вай хурсанд шуда, хезумро пуштора карда рафт.
Чанд рӯз ҳамин хел давом кард. Як рӯз хезумкаш фикр кард, ки «ин хирс ба ман бисёр некӣ карда истодааст, некии ӯро гардонидани ман зарур». Вай ҳамин хел фикр карда, ба занаш гуфт:
- То омадани ман ягон хӯроки нағз тайёр карда мон, ки ҷӯраамро гирифта мебиёрам.
Занаш хуб гуфт. Хезумкаш ба беша рафта, хирсро ёфта, ба меҳмонӣ таклиф кард. Хирс розӣ нашуд, вале мардак бисёр илтимос карда, ӯро розӣ кунонид.
Ҳар ду гап занон ба хонаи хезумкаш омаданд. Зани хезумкаш пешвоз баромада, дид, ки шавҳараш як хирси бадхайбати калон омада истодааст.
- Оҳ, рӯям сиёҳ! - гуфт зан ба шавҳар. - Ҷӯраи ту магар ҳамин хирси баднамуд аст?!
Хирс суханони занро шунида, ранҷиду ба хезумкаш гуфт:
- Бо ҳамин табарат ба сари ман якто зан!
- Занам намедонад, ки ту ба мо чӣ нағзӣ кардаӣ. Хафа нашав, - гуфт хезумкаш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё