Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

ҲикояАфсона
Аз аввал хондан

Аммо хирс ба гапаш истода гуфт:

  • Ба сарам бо табарат зан! Агар назанӣ, ҳардуятро кушта, хонаатро вайрон карда меравам!

Мард ҳайрон шуда фикр кард: «Агар назанам, ин хирси якрав гуфтагияшро мекунад, маҷбурам, ки фармонашро иҷро кунам. Зада сарашро ду пора мекунам, мурда мемонаду ҷонам халос мешавад».

  • Хайр, чӣ илоҷ, - гӯён вай табарашро бардошта, бо тамоми қувваташ ба фарқи сари хирс зад. Хирс ғарқи хун шуда баромада рафт.

Ҳезумкаш бовар кард, ки баъди ин хирс зинда намемонад. Вале ӯ ин воқеаро аз хотираш баровардани шуда, якчанд вақт ба бешаҳои дур барои ҳезум мерафтагӣ шуду ба бешае, ки хирс зиндагӣ мекунад, нарафт.

Рӯзе «хайр, хирс-ку мурда рафтагист, ба ҷои пештара рафта, ҳезум кунам, беҳтар не магар?» гӯён боз ба ҳамон беша рафт.

Омада як дарахтро афтонда истода буд, ки ногаҳон хирс пайдо шуд.

Мардак ба сари ӯ, ки сиппа-сиҳат шуда буд, нигоҳ карда ҳайрон шуд: осоре аз захм намонда буд.

  • Ҳа, ошно, - гуфт хирс, - мебинӣ, ки аз захми табарат дар сари ман осоре намондааст? Вале захми суханони нешдори занат ҳеҷ аз дилам намеравад! Имрӯз садои табари туро шунидаму он захм аз нав тоза шуд.

Гапи хирс ҳақ буд ва мардак чизе нагуфта, банду табарашро гирифту бо сари хам аз беша баромада рафт ва дигар ба он ҷо наомад.

пешина
аз 135
навбатӣ