Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
АфсонаҲикоя
Аз аввал хонданҚассобро ба пеши ҳоким оварданд.
Ҷавон гуфт:
- Чор сол пеш аз ин падарамро куштанд, ин кордро ман аз синаи падари шаҳидам кашида гирифта будам. Маълум шуд, ки кушандаи падари бечораи ман кӣ будааст.
Ин гапро шунида ранги қассоб канд. Вай ба ҳоким рӯ оварда, шитобон гуфт:
- Тақсир, ман ин рӯ он рӯи кордро нағзакак дида баромадам, ин корди гумкардаи ман нест. Ман хато кардам.
Қассоб кордро ба ҷавон супорид. Ҳоким ин хел сурат гирифтани воқеаро дида ҷавонро ҷавоб дод.
Ҷавон аз маҳкама баромада, ба пирамарди пандфурӯш рӯ ба рӯ омада гуфт:
- Падар, - гуфт, - пандҳои шумо баҳо надоранд, шумо онҳоро ба ман арзон фурӯхта будаед.
ДОНАК
Буд-набуд, як бача буд, бачаи дидадарои дар дида ҷо буд. Вай як рӯз як донаки зардолу ёфту ба модараш нишон дода гуфт:
- Модарҷон, ин донакро шикаста хӯрам, ё кишт кунам?
Модараш маслиҳат дод:
- Нашикану бурда ба замин гӯр кун, об бирез, ниҳол шуда мебарояд, парвариш кун, дарахти калон мешавад, мева мекунад, ҳузур карда хӯрда мегардӣ.
Бача хуб гуфта, донакро бурда гӯр карда, об доду гуфт:
- Эй донак, агар то омадани ман насабзӣ, кофта мегираму шикаста мехӯрам!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё