Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Чанд вақт гузашту омада дид, ки донак сабзидаасту ниҳол шудааст. Ниҳолро дида, пеши модараш омада гуфт:

  • Модарҷон, донак ниҳол шудааст, ниҳолро канда, чиллаку лоф карда, бозӣ мекунам.

  • Накан! - гуфт модар. – Об деҳ, ниҳол дарахт шавад, дарахт мева кунад.

Бача омаду ниҳолро об дода гуфт:

  • Эй ниҳолак, агар то омадани ман дарахт нашавӣ, аз решаат канда мепартоям.

Чанд вақт гузашту бача омада дид, ки ниҳол дарахти калону сершоҳ шудааст. Дарахтро об дода гуфт:

  • Эй дарахт, агар то омадани ман ғарқи мева нашавӣ, афтонда ҳезум мекунаму ба хона мебарам, модарам месӯзад.

Боз чанд вақт гузашта бача омад. Омад, ки дарахт ғарқи мева шудааст. Хурсанд шуда, ба болои дарахт баромаду хӯрда шишт.

Ҳамин вақт як албастӣ худро ба шакли кампири кӯр дароварду ба кифташ халта, ба дасташ асо гирифта, ба таги дарахт омад. Ба таги дарахт омада, фикр кард: «Ин бачаро нест карда, дарахташро соҳиб мешаваму меваашро хӯрда мегардам».

Албастӣ ҳамин хел фикр карду ба бача гуфт:

  • Писарҷон, аз роҳи дур омадам, ҳалқам қоқ шуд, камтар зардолу деҳ...

Бача зардолу чида, ба пеши кампир партофту гуфт:

  • Ана, очаҷон, хӯред!
  • Ой бачаам, - гуфта кампир, - ман як пиразани оҷиз, чашмонам намебинанд, дастонам намегиранд, худат фуромада ба дастам надиҳӣ, ман ёфта наметавонам.

Бача аз дарахт фуромада, зардолуҳоро чида, ба кампир

пешина
аз 135
навбатӣ