Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
карданд. Музаффар ба сӯи онҳо нигоҳ кард, вале чизе нагуфт. Домодҳои калонӣ оҳуҳои пӯсткандаро дида ҷавонмарди ношиносро илтимос карданд, ки ақаллан ягонтоашонро ба онҳо фурӯшад.
- Гӯшти хар чорашро гиред, - гуфт Музаффар, ба ман фақат шикамба ва каллаю почаашро монед мешавад.
Домодҳои калонӣ хурсандона гӯштҳоро гирифта, хайрухуш карда рафтанд.
Музаффар шикамбаву каллаю почаро ба хӯрчинаш андохт, хӯрчинро бар рӯи зин партофт ва ба мӯйсафед ташаккур гуфт, ба асп савор шуду зуд аз домодҳои калонӣ гузашта рафт.
Домодҳои калонӣ аз пушти ӯ нигоҳ карда, «аҷабо, ин ҷавони ношинос кӣ бошад», гуфта ҳайрон шуда монданд. Онҳо ба аспи ӯ, зину абзори он ва пӯшокҳои гаронбаҳои ҷавон ҳасад мебурданд.
Музаффар ба пеши аспи логар расида, хӯрчинро гирифта, ба болои он партофт ва либосҳои пештараашро пӯшида, бо аспи дӯстдоштаи вафодори худ хайрухуш карда, ба хонааш рафт. Хӯрчин шикоф буд ва ахлоти шикамбаҳо аз хӯрчин ба поён мерехт. Музаффар ба шаҳр даромад, одамон аз пушти ӯ ботамасхур фарёд мекарданд.
- Домоди подшоҳ аз шикор ахлот оварда истодааст!
Музаффар ба хонааш расида, ба занаш фармуд, ки хеста каллашӯрбо пазад. Баъд зан гапи шавҳарашро гирифта, ба таги коса камакак ахлоти шикамба партофта, аз болояш нон реза кард ва косаро бо оби шӯрбо пур кард, каллаю почаи оҳуро дар рӯи як нон ҷудо монда, ба падараш бурд.
Домодҳои калонӣ аз гӯшти оҳу шӯрбоҳои равғанин пазонда, бо ду дасти адаб ба подшоҳ бурда доданд, онҳо шикорашонро таъриф намуда, дар бораи аз сайёд харидани гӯшти оҳу хомӯш монданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё