Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Подшоҳ домодҳои дӯстдорашро бо рӯи кушод пешвоз гирифт, аввал шӯрбои домоди калониро чашида дид, шӯрбо ба назараш талх намуд. Подшоҳ шӯрбои домоди миёнаро чашида дид ва ӯ ҳам бемазза ва талх буд. Дили подшоҳ ҳатто беҳузур шуда, фармуд, ки шӯрбоҳошонро ба ягон ҷои дуртаре бурда партоянд.

Дар ин вақт Маликадунё каллашӯрбои пухтагиашро оварда, аз падараш илтимос кард, ки нону намаки ӯро ҳам чашида бинад. Подшоҳ гуфт:

  • Таоми домодҳои дӯстдоштаам ҷудо талх буданд. Таоми ту аз онҳо ҳам талхтар будагист. Хӯроки овардагиатро гирифта рав, намехӯрам!

  • Эй ҳокими бузург! - гуфт вазири доно ба подшоҳ. - Аз хӯрок рӯй гардондан нағз не, нону намаки ҳар касро ҳурмат кардан даркор. Қошуқ гиред, мазаашро чашида бинеду баъд гардонда фиристед.

Подшоҳ ҳеҷ вақт гапи вазири донои худро намегардонд. Вай қошуқро гирифта, шӯрбои Маликадунёро чашида дид. Як қошуқ хӯрд, ду қошуқ хӯрд, се қошуқ хӯрд, шӯрбо маъқул шуда монд. Подшоҳ аз хӯрдан боз истода, гуфт:

  • Духтарам, шӯрбои ту ба ман мазза дод, лекин чӣ хел ба даруни коса ин ахлот афтодааст?

  • Падари азиз, - гуфт Маликадунё, - охир мо бо мол дар як ҷои зиндагӣ мекунем! Хонаи мо аз саргин пур аст, тавре шуда ба дег афтода мондааст-дия.

Подшоҳ шарм дошт ва фармуд, ки ба домоди калаш ҳам хонаи беҳтар диҳанд, аммо аз хонаи домодҳои калонӣ нағзтар набошад.

Дар ҳамсоягии шаҳри Корф мамлакати Тороҷподшоҳ воқеъ шуда буд. Тороҷподшоҳ яке ба Маликадунё хостгор фиристонда, ҷавоби рад гирифта буд.

пешина
аз 135
навбатӣ