Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Ману ту дӯсти ҷонӣ бошем, агар зани ту духтар зояд, духтарат келини ман, агар зани ман духтар зояд, писарат ба ҷои ман подшоҳ ва духтарам келини ту мешавад.

Ин гапҳо аз таги дили вазир буданд, вай хурсанд шуд.
Ҳарду аҳду паймон бастанд.

Рӯзи дигар хабар расид, ки чашми занҳои вазиру подшоҳ равшан шуд. Вазир писардор шуду подшоҳ духтардор. Вазир бисёр хурсанд шуда:

  • Шукр, сад бор шукр! - гӯён асп давонда ба хонааш омад.

Ба хонааш омаду писараки навзодашро ба даст гирифта, бӯса кард, ба дидааш молид, «чӣ хушбахтист, ки дар зиндагиам рӯи фарзандро мебинам!» гуфта писарашро бардошта, ба назди подшоҳ равон шуд.

Подшоҳ ин замон аз шикор баргашта буд. Вазир дар як дасташ писарчааш, ба дасти дигараш духтари ба парчаҳои зарбоф печонидаи подшоҳро гирифта, бӯса карду писарро Тоҳир ва духтарро Зӯҳро ном монд.

Солҳо мегузаштанду Тоҳиру Зӯҳро калон мешуданд. Онҳо ҳамеша дар хонаву кӯча, дар сари дастархон, ҳангоми сайру гашт дар чорбоғи диловези подшоҳӣ ҳамроҳ буданд ва вақте ки ба синни мактабхонӣ расиданд, ҳар дуро ба як мактаб доданд.

Подшоҳ бо вазир чун бо қудои худ меҳрубон буд ва ин ҳолат ба ниҳоди душмани вазир - падари Тоҳир оташи рашку ҳасадро фурӯзон кард. Дили чун таги деги сиёҳи онҳо лабрези заҳру кина шуд. Кор ба ҷое расид, ки назди подшоҳ дар бораи вазир ва писари ӯ бадгӯиҳо карданду гуфтанд:

  • Эй подшоҳи муаззам! Духтари дар ҳусн беҳамто ва дар ақлу дониш беназири шумо сазовори подшоҳест, ки ба шарофати ӯ мулк васеъ, давлат пуриқтидор ва шӯҳратманд хоҳад шуд.
пешина
аз 135
навбатӣ