Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Ин гапҳо ба подшоҳ беасар намонданд. Вай дар ин бора бисёр фикру хаёл мекардагӣ шуд. Рафта-рафта дили ӯ аз вазир хунук шуд, дар қасди нест кардани ӯ афтод.

Як рӯз вақти шикор тири яке аз қарибони подшоҳ «хато хӯрда», байни ду шонаи вазирро шикоф кард, ҳамон лаҳза чашмони вазир пӯшида шуданд ва ӯ дигар рӯи фарзанди монандӣ ҷону дил азизашро надид.

Подшоҳ дар назди мардум худро мусичаи бегуноҳ нишон дода, ҷасади шахси як вақтҳо дӯсти ҷонӣ хондаашро бо дабдабаи тамоми ба хок супурда, аза гирифт.

Ин замон дар болои лаби Тоҳир мӯйи навсабзи сип-сиёҳ дуд мекарду дар шахси ӯ ҷавони нозанин ва зебоқомате ба балоғат мерасид. Марги ногаҳонии падар ҳама гуна хаёлҳои ҷавониро аз сари ӯ дур андохт. Фақат ишқ, ишқи Зӯҳро монандӣ гули дилафрӯзе батароват дар дили ӯ туғён мекард.

Подшоҳ инро медонист. Бинобар ин ба балоғат расидан ва аз рӯи одоб набудани оқибати вохӯриҳои Тоҳиру Зӯҳроро баҳона карда, фармон дод, ки онҳо дидорбиниро манъ кунанд.

Фармони подшоҳро иҷро карданд. Аммо Тоҳирро тоқати ҷудоӣ набуд. Вай ба умеди дидори Зӯҳро гирдогирди қасри подшоҳ мегашту хитобкунон мегуфт:

Назар ба ҳоли моён кун,
Ниқоб аз рӯй парешон кун,
Рухи худро намоён кун
Шавад ҷонам фидои ту.

Аммо аз Зӯҳро садо нашунида, бо дарду алам нола мекард.

пешина
аз 135
навбатӣ