Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

интизорӣ мекашид. Дере нагузашта, вакилон ҳам омаданд, номаи подшоҳро ба дасти ӯ дода, мунтазири ҷавоб шуданд. Дар нома навишта шуда буд:

«Чанд сол интараф фиристодагони ман дар ин олам гашта, барои ман арӯси мувофиқ меҷустанд. Дар ҳеҷ ҷо духтаре мисли духтари ту пайдо накарданд. Бинобар ин ман қарор додам, ки духтари туро ба занӣ гирам. Агар розӣ шавӣ, бо хушу хурсанди хеш мешавем, агар розӣ нашавӣ, ба ҷанг тайёр шав!»

Подшоҳ ин хатро хонда, ба фиристодагони Сиёҳбаҳодур гуфт, ки ду-се рӯз нагузашта, ҷавоби номаро мефиристам. Сипас подшоҳ вазиронашро пеши худ хонда, маслиҳат пурсид. Вазирон ҳама бо як овоз гуфтанд, ки:

  • Сиёҳбаҳодур подшоҳи тавоно ва бузург аст. Шуморо ҷуз ризоят додан ба ӯ илоҷи дигаре нест.

Ин маслиҳат муддаои дили подшоҳ буд. Ӯ вазиронашро ҷавоб дода, духтараш Зӯҳроро чег зада оваронид.

  • Духтари азизам, - гуфт, - туро муборакбод мекунам. Зӯртарин подшоҳи олам Сиёҳбаҳодур ба ту хостгор фиристод. Ту хушбахтӣ, ки зани подшоҳи бузург мешавӣ.

Зӯҳро ларзид, сурх шуд, кабуд шуд:

  • Не! Не! - гуфт. - Ман ғайр аз Тоҳир ба каси дигаре намерасam. Ман ӯро дӯст медорам, бо ҷону дил дӯст медорам, бе ӯ зиндагӣ бар ман ҳаром аст.

Подшоҳ хашмгин шуда, гуфт:

  • Ақлатро ба кор андоз, духтарам! Тоҳир кӣ? Як бепадар аст, ӯ нохуни пои Сиёҳбаҳодурро баробар шуда наметавонад. Ӯро аз хотир барор!

  • Раҳм кунед, падари азиз! - гуфт Зӯҳро. – Тоҳир ба ҷони ман баробар аст. Агар хоҳед духтаратон бадбахт нашавад, аз ниятатон гардед!

пешина
аз 135
навбатӣ