Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Эй бути нозанини ман, Дасти манасту доманат.
Сарви суманбарини ман, Дасти ман асту доманат.
Бори ғамат ба гарданам, Дасти ман асту доманат.
Ҷони ман аст дар гудоз, Дасти ман асту доманат.
Дарди дилат бикун ту боз Дасти ман асту доманат.

Суруди дилхароши Тоҳир ба гӯши одамон мерасид. Дар атрофи ӯ ҷамъ шуда, ба ҷавони номурод изҳори ҳамдардӣ карда, подшоҳи бераҳмро, ки писари вазирашро гирифтори чунин ҳоле сохта буд, маломат мекарданд.

Шамъи ман аст рӯи ту, -месуруд Тоҳир,
Умри ман аст мӯи ту,
Ёди ман аст кӯи ту,
Дасти ман асту доманат,
Қиблаи ман сарои ту,
Каъбаи ман ҳавои ту.
Рӯяму хоки пои ту,
Дасти ман асту доманат.
Аҳду вафо намекунӣ,
Тарки ҷафо намекунӣ.
Ба мо нигоҳ намекунӣ,
Дасти ман асту доманат.

Ин ҳангом подшоҳ ба тахти заррин нишаста, вакилони яке
аз золимтарин ва зӯртарини шоҳони замони худ Сияҳбаҳодурро

пешина
аз 135
навбатӣ