Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Ба тири худ ба ӯ безор шуда, маликаи дилороми ман мешавӣ? Шарт ҳамин!

Навкарони подшоҳ Тоҳирро баста, ба як канори дурдасти мамлакат, ба биёбони бегиёҳ бурда, партофта буданд.

Зӯҳро бошад, тавассути канизаконаш корвонҳоро илтимос мекард, ки ҳар куҷо раванд, Тоҳирро биҷӯянду хабаре аз ӯ биёранд.

Кори Зӯҳро рӯз то шаб гиря буд, рӯи миҷгони хамидааш ва рухсори чун барги гул латифу зебояш беист дурдонаҳои ашк медурахшид. Ӯ мегиристу мегуфт:

Хобам намебарад, ки хобат бинам.
Дар курта намегунҷад тани мискинам.
На шаб қарор дорам, не рӯзи дароз,
Таҳсин, ки намекафад дили сангинам.
Дурӣ зи ману зи ман саломат бодо.
Ҷону дили ман фидои номат бодо.
Ман бе ту нафас намекашам бар олам,
Бе ман ту нафас кашӣ, ҳаромат бодо!
Ин кӯли дароз об надорад, чӣ кунам?
Ду чашми сарам хоб надорад, чӣ кунам?
Ду чашми сарам роҳи туро менигарад,
То ту меоӣ, ҷабр аз сарам мегузарад.

Сорбонҳо ҳар ҷо, ки рафтанд, ба умеди ба гӯши Тоҳири номурод расидан суруди дилҳароши Зӯҳроро мехонданд.

Тоҳир бошад, дар биёбони хушку хароб гушнаву ташна мегашт. Танҳо муҳаббати Зӯҳрои азизаш мадори дилаш буд.

Як рӯз дар доманаи кӯҳе қадам мезад, ки навҳаи дилҳароше ба гӯшаш расид. Навҳагар гаштаву баргашта номи ӯро ба забон мегирифт.

пешина
аз 135
навбатӣ