Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Мегирифт. Тоҳир ҳайрон шуда, сӯи сароянда шитофт. Наздик шуда дид, ки корвоне мегузараду яке Тоҳирро ёд карда, бо оҳанги шӯрангезе месарояд:

Эй Тоҳири хорузор,
Зӯҳро ба ту интизор,
Бо дили пора-пора,
Бо дидаи ба раҳ чор.
Ғами ӯро қанор нест,
Дили ӯро қарор нест,
Бахти ӯро барор нест,
Бе Тоҳири дилафгор.
Хоби сараш парида,
Шодӣ аз ӯ рамида.
Қомати ӯ хамида,
Зи дарди ҳиҷрати зӯр.

  • Эй одами нек, - гуфт Тоҳир, - аз суруди дили Зӯҳрои меҳрубонамро мешунавам, гӯй, ки аз куҷо меоӣ ва ин сурудро аз кӣ шунидаӣ?

  • Аз кӣ мегӯӣ! Аз худи Зӯҳрои нозанин. Вай ба мо фармудааст, ки сар то сари олам гардему Тоҳири азизашро суроғ кунем, агар дар ягон ҷо дида монем, гирифта барем.

Тоҳир хурсанд шуда гуфт:

  • Тоҳири хорузор, Тоҳири дилафгор манам.
  • Ин тавр бошад, - гуфт корвонӣ, - ба ин уштур савор шав, мо туро пеши Зӯҳро мебарем.

Корвон равон шуд. Чанд шабу чанд рӯз гашта, ба манзили барои Тоҳир азизу дилхоҳ расиданд.

Баргаштани Тоҳирро шунида, мурғи дили Зӯҳро зинда шуд. Вай маҳбуби хаставу хароби беҳолашро ба бошишгоҳ

пешина
аз 135
навбатӣ