Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Зӯҳро дар ҷавоб гуфт:
Дарё, ки калон шавад, адояш кӣ кунад?!
Ду дил, ки яке шавад, ҷудояш чӣ кунад?!
Ду дил, ки яке шавад, ҷудояш мушкил,
Ҳар кас, ки ҷудо кунад, ба ғам дар монад!

Тоҳир гуфт:
Ба ҷонон алвидоъ гуфтему рафтем,
Ба ҷони дил дуо гуфтему рафтем.
Ҳамон ёре, ки бо мо буд улфат,
Нигаҳ дорад Худо гуфтему рафтем.

Подшоҳ ин ҳолро дида, фармуд, ки зудтар ба сандуқ андозанду маҳкам карда, ба дарё партоянд. Навкаронаш фармони ӯро иҷро карданд. Сандуқ лап-лапкунон рӯ-рӯи об равон шуд ва дере нагузашта ғайб зад.

Рафт-рафт, баъди чанд рӯз аз паҳлӯи як нимҷазира гузашт. Ин вақт сандуқро се духтар дида монданд, ки духтарони подшоҳи ҳамин мамлакат буданду ҳар рӯз омада, оббозӣ мекарданд.

— Ҳар кас сандуқро гирифта барорад, болои сандуқ аз они ӯст, — гуфт духтари калонӣ.

Ин гапро ҳар се маъқул донистанду духтари калонӣ худро ба дарё андохт. Шино карда рафт, ҳарчанд даст андохт, мавҷи дарё монеъ шуду сандуқро дошта натавонист. Баъд духтари миёна парид. Ин ҳам ҳарчанд кард, натиҷа надод. Духтари хурдӣ, ки номаш Гавҳар буд, гуфт:

— Апаҳо, шумо аз об бароед, ман як ҳаракат кунам, шояд бахт ёрам шавад.

Апаҳояш аз об баромаданд. Гавҳар худро ба дарё партофт.

пешина
аз 135
навбатӣ