Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
Бурд. Вале хушбахтии дилдодагон дер напоид. Ҷосусони Сиёҳбаҳодур аз баргаштани Тоҳир хабар ёфта, ин хабарро ба ӯ расониданд. Ҳамон замон Сиёҳбаҳодур ба падари Зӯҳро эътирознома фиристод.
«Тоҳир баргашта, чанд вақт аст, ки бо духтари ту айшу ишрат доштааст, агар ӯро нест накунӣ, тахту тоҷатро зеру забар карда, ҳам сари туро мегираму ҳам сари духтаратро!»
Подшоҳ сахт тарсида ва ҳамон замон вазиронашро чеғ зада, маслиҳат пурсид:
- Аз Тоҳир халос шудан лозим! — гуфт вазири дасти росташ.
- Куштани ӯ убол аст, ҳар чӣ набошад писари вазиратон, лекин агар ба сандуқе андохта, ба дарё партоем, гум шуда мераваду дигар гашта намеояд.
Ин фикр ба подшоҳ маъқул шуд. Вай дуредгарҳоро фармуд, ки як сандуқи калон созанд. Баъд Тоҳиру сандуқро ба лаби дарё оварданд. Зӯҳро ғамгину маъюс расида омада, ба чашми гирёну дили бирён ба Тоҳир нигоҳ карда гуфт:
Чашми бади кас ҳеҷ ба чашмат нарасад,
Оташ ба вуҷуди ишқпарастам нарасад.
Мардуми ҷаҳон ҳама дуо мегӯянд:
Ҳар ҷо рафтӣ, ҳеҷ шикастам нарасад.
Тоҳир гашту гуфт:
Зулфи сиёҳат мусалсалои дили ман,
Лаъли лабат гираҳкушои дили ман.
Ман дил надиҳам ба кас барои дили ту.
Ту дил надиҳӣ ба кас барои дили ман.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё