Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
ҲикояАфсона
Аз аввал хонданТоҷ будӣ бар сарам,
Лола будӣ дар рухам,
Тоҷ афтод аз сарам,
Лола парид аз рухам!
Дод аз дастам, фалак!
Сад дод аз дастам фалак!
Вай мехост ба сари қабри Тоҳир равад, раваду гиряҳо карда, дил холӣ кунад, аммо бо фармони подшоҳ ӯро чил канизак рӯзу шаб посбонӣ мекарданд. Зӯҳро рӯз либоси сиёҳашро кашида, сару либоси идона пӯшида, ба сару гарданаш ҳалқаву шаддаву ангуштарину дастпонаи қимматбаҳо андохта, ба канизакон гуфт:
- Мебинам, ки аз азо гирифта гаштани ман на ба Тоҳир фоидаву на ба ман. Аз ҳамин рӯз сар карда азодорӣ бас! Дилам сайри чорбоғ мехоҳад.
Як канизак филҳол пеши подшоҳ рафту гапҳои Зӯҳроро гуфта дод.
Подшоҳ шод шуда гуфт: - Майлаш, сайри боғ кунад.
Зӯҳро дар иҳотаи чил канизак ба чорбоғи падараш равон шуд. Муддате сайру гашт карда баъд ба канизакон гуфт: - Ман имрӯз мехоҳам, ки шумо ман барин хурсанд бошед! — ҳамин суханонро гуфта тамоми зару зевари сару дасту гарданашро ба чор тараф пош дода:
- Ана чида гиред! — гуфт.
Чил канизак якдигарро тела дода, ба чидани зару зевар андармон шуданд. Зӯҳра фурсатро ғанимат дониста, оҳиста аз чорбоғ баромада, ба сари гӯри Тоҳир омад. Вай дар пеши хоктӯдаи қабр нишаста зор-зор гиря карду баъд аз бағалаш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё