Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Ханҷари тезу обдорро бароварда, дили софу некашро пора кард.

Канизакон зару зеварро чида шуда, ба ин сӯ он сӯ нигоҳ карда диданд, ки Зӯҳро нест. Додгӯёну фигонкунон пеши подшоҳ рафтанд. Подшоҳ дар ғазаб шуда, ба навкаронаш фармуд, ки тамоми шаҳрро кофта, Зӯҳроро ёбанд.

Навкаронаш кофта-кофта, ба сари қабри Тоҳир омада диданд, ки Зӯҳро хоктеппаи гӯрро оғӯш кардааст. Рафта ҳодисаро ба подшоҳ гуфтанд. Подшоҳ гирёну нолон ба сари духтараш омад, аммо гиряи ӯ ҳарчанд дилҳарош буд суде надошт.

Зӯҳрои нокомро дар паҳлӯи Тоҳир дафн карданд. Муддате гузашту диданд, ки аз гӯри ҳарду якбуттагӣ гул рӯидаасту гулҳо ба ҳамдигар печидаанд. Мардум ин гулҳоро ошиқи печон номиданд. Гули карнайшакли бунафшаранги боназокат, ки ҳоло ҳама ҷой мерӯяд, нишонест аз ишқи безаволи Тоҳиру Зӯҳро.

ҲАФТДОДАРОН

Як марду як зан буд, онҳо ҳафт писар доштанд, ягонто ҳам духтар надоштанд. Писарон ҳар вақт ба модарашон мегуфтанд, ки:

  • Модарҷон, ба мо хоҳар лозим аст, хоҳараке бошад, ки мо дӯстдорӣ кунем, меҳрубонӣ намоем, ғамхорӣ кунем.

Баъди чанд вақт модар умедвори духтару писаронашон умедвори хоҳар шуданд. Ҳафтдодарон ҳамеша ба шикор рафта, дар байни кӯҳҳои баланд гашта, оҳу, кабқи ҳилол, ҳайвонҳои ваҳширо зада меоварданд.

пешина
аз 135
навбатӣ