Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

калонтар мешуданд, ҳамон андоза ҳусну ҷамоли онҳо зиёдтар мешуд.

Подачӣ барои бачагон иморатҳои хушрӯй сохт ва як боғи сермеваю сердарахт парвариш карда расонид. Бачагон дар боғи зебо сайр карда дилхуш мешуданд. Кайфашон чок ва ғамашон дур буд.

Рафта-рафта хоҳару додарон ба камоли балоғат расиданду баъд аз ин писар тиру камон гирифта, ба шикор мерафтагӣ шуд. Вай дар байни кӯҳҳои сар ба фалаккашида ва дар бешаҳои бесару нӯг гашта, ҳар хел ҷондорҳоро шикор карда меовард.
Духтар сайдҳоро тоза намуда, таомҳои гуногун мепухту падару додарашро ба сари дастурхон чеғ мезад. Сонӣ ҳар се хӯрда, барохат чак-чак карда менишастанд.

Рӯзе подшоҳ дар як дараи кӯҳӣ шикор карда истода, аз дур ҷавонеро дида монд, ки нури рӯяш гирду атрофро равшан мекард. Вай дар умри худ ин хел ҳодисаро надида буд ва бо тааҷҷубу ҳайронӣ ба сӯи ҷавон асп ронд.

Ҷавон ба сӯяш омада истодани як марди солхӯрдаи савораро дида, пешвоз рафта боадабона салом дод. Подшоҳ пурсид, ки вай кист ва дар куҷо истиқомат дорад.

  • Ман писари як подачӣ ҳастам, - гуфт ҷавон, - хонаи мо дар ҳамин наздикиҳо, дар байни як марғзор воқеъ шудааст.

«Кошкӣ ман ҳамин хел писаре медоштам» - фикр кард подшоҳ ва захми дилаш тоза шуд, оҳи сарде кашид. Ҷавони нозанини холдор ба ӯ хеле маъқул шуда монд. Подшоҳ бисёр фикр накарда, ӯро ба қасраш ба меҳмонӣ таклиф кард.

  • Агар падарам рухсат диҳад, меравам, - гуфт ҷавон ва бегоҳӣ баргашта воқеаро ба подачӣ гуфта дод.

Подачӣ ба хаёл ғӯта зад. «Кори нағз нашудааст, - фикр
мекард подачӣ, - беҳтар буд, ки ӯ бо подшоҳ шиносоӣ пайдо

пешина
аз 135
навбатӣ