Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Намекард. Оқибати ин хуб намешавад. Аммо илоҷе нест, гардонидани гапи подшоҳ хатаровар аст». Вай бо ҳамин қарор ҷавонро бароварда, ба меҳмонӣ ғусел кард. Ба қасри подшоҳ меҳмон шуда омадани як ҷавони дар ҳусну ҷамол беназир зуд дар байни бошандагони қаср овоза шуд. Занҳои калони подшоҳ мӯи заррину холи мушкани ӯро дида, фаҳмиданд, ки ин ҳамон писари подшоҳ аст. Ба дилашон алав афтода, ба хонаи доя рафтанд.

  • Канӣ гӯй! - гуфт зани аз ҳама калонии подшоҳ дандонҳояшро шақаррос занонида,-ҷон ширин-мӣ, тилло ширин?

  • Ҳам ҷон ширину ҳам тилло ширин, - ҷавоб дод кампир тарсидаю ларзида.

  • Агар ҷон ширин бошад, - гуфтанд занҳо, - рости гапро гӯй: ту кӯдакони подшоҳро чӣ кор кардӣ?

Кампир ҳис кард, ки сирраш фош шудааст. Ноилоҷ ҳақиқати воқеаро ҳикоя карда дод.

  • Ба мани мӯйсафед раҳм кунеду аз як қошуқ хунам гузаред, - гуфт кампир, - Ман ин дафъа шумоёнро ба муроду мақсадатон мерасонам.

Занҳои подшоҳ ба кампир тиллои зиёде ваъда карда, хотирҷамъ шуда рафтанд.

Кампир ҳамон замон ба бозор рафта, сӯзан, усмаю сурма хариду аз кӯҳу биёбон гузашта, ба назди боғи подабон омад.

Духтар дар як кунҷи боғ мева мегундошт. Ногаҳон ба гӯши ӯ овози баланду ҷарангосии касе расид, ки «молҳои атторӣ, сақичу сӯзан, усмаю сурма» гуфта фарёд мекард. Духтар ба назди дарвоза омада, аз қабати панҷараи он нигоҳ кард, ки халтаеро дар китфаш гирифта як кампири фартут истодааст.

  • Духтари азизам, - гуфт доя, - ба бошандагони боғ хабар деҳ, ки як кампир аз шаҳр ҳар гуна молҳои атторӣ овардааст.
пешина
аз 135
навбатӣ