Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

«Бадхоҳи касон ба мақсад намерасад» гуфтанд, ки ин гап бе асос нест.

ЛАКУ ПАК

Буд-набуд, як Лаку як Пак буд. Онҳо зану шавҳар буданд.

Лаку Пак духтари дӯстрӯе доштанд. Ҳуснаш расо буд, вале аклаш норасо буд. Зебоии духтар ба дуру наздик овоза шуду ба хонаи Лаку Пак хостгор омад.

  • Духтарам, - гуфт Лак, - ба ту хостгор омад. Рафта об биёр.
    Чаққон бош, ки хостгорҳо духтари бадаступо будааст, гуфта,
    туро хуш карданд.

Духтар кӯзаро гирифта, тозон ба лаби ҳавз рафту об гирифта истода, фикр кард, ки «раваду хостгорҳо маро хуш кунанд, тӯю тамошо шавад, сонӣ як писарча зоям, писарчаам калонакак шаваду аз дасташ дошта, ба хонаи падару модарам меҳмонӣ биёям, модарам ҷонӣ бибӣ, калонакак шудӣ, дастуёрак шудӣ, рафта об биёр, чой кунем, гуфта, ба дасташ кӯзача диҳаду ба лаби ҳавз равон кунад. Бачаякам биёяду аз ҳавз об мегирам гуфт пояш лағжида ба ҳавз ғалтаду ғарқ шавад, баъд ман чӣ кор мекунам, ба шавҳарам чӣ ҷавоб медиҳам?! Вой бар ҳоли мане. Рӯям сиёҳе!» гуфта доду фарёд бардошту шаш қатор оби дида рехт.

Модар мунтазири духтар, хостгорон мунтазири чой. Пак ба рӯи ҳавлӣ баромаду овоз баровард:

  • Лак, Лак!
  • Ҷони Пак!
  • Ин духтарамон барои об рафта буд. Рав, бин, чаро дер кард?
пешина
аз 135
навбатӣ