Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
- Шумо танӯр тафсонда истед, хамир, ки расид. ман нон баста мечаспонам.
Пак ба ҳавлӣ баромаду ҳезум шикаста, хост ба танӯр андохта даргиронад, дид: даруни танӯр тафсидагӣ барин суп-сурх - ин шӯълаи офтоб буд дар даруни танӯр. «Ин худаш тафсидагӣ-ку, фикр кард Пак, - Роҳ дар пеш, то нон бастани Лак як хоб карда гирам». Ҳамин хел фикр карду сӯи суфаи зери тут дароз кашида, баҳузур хоб кард.
Лак бошад, нон рост карда, пеши танӯр овард. Дид танӯр суп-сурх тафсидагӣ. Ба танӯр нон часпонда мунтазир шуд.
Як соат нигоҳ кард, ду соат нигоҳ кард, ҳеҷ не ки нон сурх шавад. Пак аз хоб сер шуда хеста, пешаш омад.
-
Лак, Лак!
-
Ҷони Пак!
-
Нонат сурх нашуд?
-
Не, чӣ кор кунем?! – пурсид Лак.
-
Ҳамин танӯра канда, ба китфамон барем, нон дар раҳ пухта мемондагист.
Ҳамин хел карданд.
Як замон хешовандони домод диданд, ки падару модари келинашон як танӯри калона бардошта омада истодаанд. Тозон баромада, танӯри пур аз хамирро аз китфи онҳо гирифта, ба як сӯ монданду худашонро бо иззату ҳурмат ба хона дароварда обу зиёфат карданд. Шаб шуд. Барои Лаку Пак ҷойгаҳи баланд андохтанд.
Лаку Пак ба ҷойгаҳ даромаданд.
-
Ҷонакам, ба деворҳои хона дуруст нигоҳ кун, чанд ҷо кафидагӣ, аз ҷойҳои кафидагӣ шӯълаи моҳтоб даромадааст.
-
Хушк шуда кафидагист-дия? Бечора духтарамон! Ақлаш нарасидааст, ки равған карда монад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё