Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
Об гарм карда, оббозӣ доранда, хушк кунонда, ба хонаашон гусел карданд.
Аз ин воқеа чанд рӯзу боз чанд ҳафта гузашт, як рӯз духтари Лаку Пак дар ҳавлии шавҳараш танҳо монд. Пагоҳӣ аз ҷояш хеста, ба дасту рӯйшӯй хушаш наомаду дасти ношуста ба хӯрокхӯрӣ сар кард. Ҳамин лаҳза гӯсола сарашро аз даруни оғил бароварда баа гуфт
- Оҳ, ин гӯсолаи бадбахт рӯи ношуста хӯрок хӯрдани маро фаҳмид, акнун ба ҳама мегӯяд, оҳ ман шарманда шудам! - гуфта духтар ба сӯи хонаи падару модараш тохт.
Тафсидаву арақ карда, омада воқеаро гуфта дод.
-
Лак, Лак!
-
Ҷони Пак!
-
Дар ҳақиқат кори ганда шудааст! - гуфт Пак. - Илоҷе ёфтан даркор.
Лаку Пак маслиҳат карданду духтарашонро пеш андохта, ба қозихона омада, воқеаро нақл карда, аз қозӣ хоҳиш намуданд, касеро ки ин сирро овоза кунад, ҷазо диҳад.
- Ин кор аз дасти як худи ман намеояд, - гуфт қозӣ ба Лаку Пак. - Ман дар шаҳр манъ кунам ҳам, дар мамлакат манъ карда наметавонам. Ба пеши подшоҳ равед, ки метавонад дар тамоми мамлакат манъ кунад.
Лаку Пак духтарашонро пеш андохта, ба пеши подшоҳ рафтанд.
Подшоҳ арзи Лаку Пакро шунида, фармон баровард, ки рӯи ношуста хӯрок хӯрдани духтари Лаку Пак овоза карда нашавад.
Чарчиҳо шаҳр ба шаҳру деҳ ба деҳ гашта, фармони подшоҳро эълон карданд.
Дар як мамлакати калон аз ҳафт то ҳафтодсола аз сирри духтари Лаку Пак хабар ёфтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё