Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

ҲикояАфсона
Аз аввал хондан

Ҳамин сафедор ба назарам бад метобад, нигоҳ кунам, чашмам дард мекунаду хира мешавад, ғалтонеду барои писарамон гаҳвораи нақшин созонед!

Подшоҳбача фармуд, устоҳо дарахтро ғалтонда гаҳвора сохтанд. Айша писарчаашро ба гаҳвора баст, чӯби гаҳвора бачаро харошид, бача гиря кард. Вақте ки худи подшоҳбача меҷунбонид, гаҳвора бачаро намехарошид, вақте ки Айша меҷунбонид, сахт мехарошид.

Айша гуфт:

  • Ин гаҳвораро майда карда сӯзонеду аз бозор гаҳвораи нав биёред!

Гаҳвораро шикаста ба танӯр партофта, сӯзониданд, чӯби гаҳвора дар таги хокистар як дона ақиқ шуд. Ин замон як ҳамсояи подшоҳбача алавгирӣ омад. Айша гуфт:

  • Ҳозир ба танӯр алав кардем, аз ҳамон ҷо гиред!

Кампир алав мегирифт, ки чашмаш ба ақиқ афтоду гирифта ба даҳонаш партофт. Инро Айша диду гуфт:

  • Ба даҳонатон чӣ партофтед, ҳамсоя?
  • Ҳеҷ чиз не, духтарам, ангуштам сӯхт ба даҳонам халондам, - гуфт кампир.

Баъд, ҳамсояи подшоҳбача ақиқро ба сандуқ андохта монду баромада рафт. Бегоҳӣ омад, ки ҳама ҷо шир барин рӯфтагӣ, дегу табақ шустагӣ, хӯрок тайёр - ҳайрон шуд. Хайр, хӯрок хӯрда хоб карду боз пагоҳ барқасд табақҳоро нашуста, шустаниҳоро ба чор тараф тит карда рафту бевақт карда ба хонааш омад, ки боз ҳама ҷо рӯфтагӣ, чизҳои чиркин қоғаз барин сап-сафед шустагӣ, дегу табақ тозаю озода, хӯрок тайёр. Кампир ба дилаш гуфт: Дар ин ҷо сир ҳаст. Фаҳмидан даркор!

Саҳар хест боз ҳама ҷоро нарӯфта, чизҳоро ҳар ҷо паҳну парешон карда, косаю табақро нашуста, аз хонааш баромаду дар пушти дар руст шуда истод.

пешина
аз 135
навбатӣ